Санаи 14-уми феврали соли равон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокасим Шоисламов баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими робитаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда шуд.



