«Азия-Плюс»-ро рӯзи 21-уми феврал дар суд мешунаванд

Музокироти ҷонибҳо аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» рӯзи 21-уми феврал идома меёбанд. Шунавидани ҷониби ҳимоя аз соати 14:00 оғоз мегардад. Бо дархости ба рӯзи дигар гузаронидани музокирот адвокати «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов ба суд муроҷиат кард ва суд дархости ӯро қонеъ намуд. Дар ҳамин ҳол, дар ин мурофиа ба ҷониби ҳимоя маълумотнома дар бораи ҷойи […]



Музокироти ҷонибҳо аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» рӯзи 21-уми феврал идома меёбанд. Шунавидани ҷониби ҳимоя аз соати 14:00 оғоз мегардад. Бо дархости ба рӯзи дигар гузаронидани музокирот адвокати «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов ба суд муроҷиат кард ва суд дархости ӯро қонеъ намуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин мурофиа ба ҷониби ҳимоя маълумотнома дар бораи ҷойи кори се нафар даъвогарони хусусӣ пешниҳод гардид. Тибқи ин маълумотномаҳо, Дилбар Абдиева дотсенти яке аз кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Аскаралӣ Раҷабов муди шуъбаи таърихи санъати Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Акадаемияи илмҳои Тоҷикистон ва Ҳикмат Раҳматов ёвари раиси Иттиҳоди нависандагон аст. Қобили зикр аст, ки ташкилотҳои ахирӣ даъвогарони асосӣ ва фаъол дар ин парванда мебошанд. Рӯзи 21-уми феврал пас аз шунидани ҷониби ҳимоя суд қарор содир мекунад

Дар

мурофиаи судии ҳафтаи гузашта

дар суди ноҳияи Фирдасии пойтахт таҳти раёсати Сурайё Ҷобирова музокироти ҷонибҳо оид ба баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва се шахси воқеӣ нисбати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир гардид.

Қабл аз музокирот намояндаи ҳафтавор Иноят Иноятов ба суд маълумот дод, ки ҷониби ҳимоя ба музокирот омода нест, зеро масоили зиёди ошкорнашуда боқӣ монда, бо назардошти ҳолатҳои дар мурофиаи пешин ошкоршуда, дархост намуд, ки такроран ташхиси забоншиносӣ гузаронида шавад.

Намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳори итминон кард, ки барои муайян кардани моҳияти як калима дониши олӣ доштан зарур нест ва ҳамчунин зикр кард, ки матни мақола «аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, сипас ташхис гузаронида шудааст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.