Эҳтиёҷоти бахши тиҷорати Тоҷикистон дар Женева баррасӣ шуд

Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳмозод бо котиби иҷроияи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Свен Алакалай дар Женева натоиҷи “Гузориш оид ба баҳодиҳии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо” таҳти муҳокима қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар анҷоми чорабинӣ лоиҳаи охирини “Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо […]



Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳмозод бо котиби иҷроияи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Свен Алакалай дар Женева натоиҷи “Гузориш оид ба баҳодиҳии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо” таҳти муҳокима қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар анҷоми чорабинӣ лоиҳаи охирини “Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо” омода гардида, интишори он дар нимаи дуюми соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, рӯзи 10 феврал як банди рӯзномаи иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Ҳайати кишвар дар он оид ба иқдомҳои ҷумҳурӣ дар самти содагардонии савдо ва дастоварду душвориҳо дар ин ҷода баромад намуда, натиҷаҳои “Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо” аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ва донорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми чорабинии мазкур бо иштироки Шариф Раҳимзода ва роҳбарияти Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо конфронси матбуотӣ баргузор гардид. Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ҳамчунин масъалаҳои имконияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи монеъаҳои меъёрӣ ва расмиётӣ дар соҳаи савдо ва тақвияти шарикии минтақавӣ аз ҷониби намояндагони якчанд давлатҳо баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, Комиссияи иқтисодии СММ мақсад дорад дар оянда низ натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаро пайгирӣ намуда, ҳамзамон, ташаббусҳоро ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти нави лоиҳавӣ тавассути Лоиҳаи рушди Палатаи ҳисоби СММ дастгирӣ намояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.