Ихроҷи 9 шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Хатлон

Тӯли як моҳи соли равон 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ғайриқонунӣ иқомат доштанд, аз қаламрави вилоят хориҷ  карда шуданд. Бино ба гуфти сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, моҳи январи соли равон аз тарафи кормандони раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон 3 амалиёти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Тӯли як моҳи соли равон 9 нафар шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ғайриқонунӣ иқомат доштанд, аз қаламрави вилоят

хориҷ

 карда шуданд.

Бино ба гуфти сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, моҳи январи соли равон аз тарафи кормандони раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон 3 амалиёти муштарак бо дигар мақомотҳои дахлдор гузаронида шудааст.

«Дар ҷараёни он дар 12 ҳолат нисбат ба қонуншиканон – шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда, дар ҳаҷми умумии 2,8 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд ва 9 нафари онҳо бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҶТ аз кишвар хориҷ карда шуданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон 38 субъекти хоҷагидори дорои иҷозаи ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар амал доранд, ки дар онҳо  541 нафар хориҷиён (20 нафарашон занон) кору фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.