«Бургери хосса аз номи Сардор» – ғизономаи нави қаҳвахонаи «Бургер ва питзо»

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ на танҳо номи қахвахонаи CHIEF BURGER PIZZA»-ро ба «Бургер ва Питзо», балки навиштаҷоти ғизономаи онро ҳам тарҷума кард. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ба ин қахвахона рафта, бо ғизономаи нав шинос шуд. Дар ин ғизонома Chief Burger акнун  «Бургери хосса аз номи Сардор» тарҷума шудааст. Дар ғизонома Сheeseburger – «Бургер бо […]



Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ на танҳо номи қахвахонаи CHIEF BURGER PIZZA»-ро ба «Бургер ва Питзо», балки навиштаҷоти ғизономаи онро ҳам тарҷума кард. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ба ин қахвахона рафта, бо ғизономаи нав шинос шуд. Дар ин ғизонома Chief Burger акнун  «Бургери хосса аз номи Сардор» тарҷума шудааст.

Дар ғизонома Сheeseburger – «Бургер бо панир ва гӯши гов», Beef burger – «Бургер бо гӯшти гов», Special burger – «Бургери хосса» ва «Чай с лимоном» – «Чойи 3х1» зикр гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии имсола раиси Кумита забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода изҳор намуда буд, ки дар асоси тавсияҳои гурӯҳи корӣ номгузории кошонаи ҳусни “Малина” ба “Малика” ва қавҳахонаи «CHIEF BURGER PIZZA» ба “Бургер ва питзо” иваз карда шуда, навиштаҷоти номи тарабхонаи “JAMOL” ба “Ҷамол” баргардонида шуд ва ғизономаи тарабхонаи “Ҷамол”  ва қаҳвахонаи “Питсерия” ба забони давлатӣ тарҷума ва пешниҳод шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, барои риоя нагардидани муқарророти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” соли сипаришуда 64 нафар тибқи моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд. «Нисбати 5 нафар огоҳӣ дода шуда, ба 64 нафар ҷарима баста шуд. Маблағи ҷаримаҳо дар умум то имрӯз 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кард», – гуфта буд раиси Кумита.

Шарофзода зикр карда буд, ки дар иртибот ба навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо ва номгузории муасисаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ 12 санади огоҳӣ тартиб дода шудааст, ки мутобиқи он, барои бартараф намудани хатоҳо муҳлат муқарар гардидааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.