Дар интихоботи миёндаврӣ дар Қӯрғонтеппа номзади ҲХДТ пирӯз шуд

Date:


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 26–и Қӯрғонтеппа, ки дар таърихи 10-уми августи соли равон доир гашт, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) пирӯз шуд.




Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар он 6,4 ҳазор ё худ 96 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.



«Дар интихобот ду нафар номзад барои курсии вакилӣ бо ҳам рақобат карданд, – изҳор дошт манбаъ. – Номзади ҲХДТ, раиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоева ба дастёбии беш аз 95 фоизи райъи интихобкунандагон ноил гардид».




           

Ба иттилои сарчашма, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, соҳибкор Раъно Назирова 4,7 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...