Салимзода: Ҷиноятҳои марбут ба гардиши замин дар ҳоли афзоишанд

Имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода аз тамоили афзоиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши замин тайи солҳои ахир аз ҷониби мансабдорони давлатӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, танҳо давоми соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 547 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба […]



Имрӯз зимни суханронӣ назди вакилони палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода аз тамоили афзоиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши замин тайи солҳои ахир аз ҷониби мансабдорони давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо давоми соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 547 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои сохмтони манзили зист эътироз овардааанд.

«Танҳо дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд муовини аввали ноҳия Аҳмедов ба 160 нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо крада, дар ин кор ба ӯ роҳбари шуъбаи заминсозии ҳамин ноҳия Худойбердиев кумак кардааст», – иброз дошт Салимзода.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки пас аз эътироз овардани мақомоти прокуратура ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда, сокинони ноҳияи Ғончӣ аз мансабдорон талаб кардаанд, ки маблағҳои додааашон, яъне пораро баргардонанд.

«Худойбердиев сабру таҳаммулро аз даст дода, даст ба худкушӣ зад, вале дар навиштаҷоти пеш аз маргаш ба амалҳои ҳаммаслаки худ Аҳмедов рӯшанӣ андохт», – изҳор кард прокурори генералӣ.

Ш.Салимзода ҳамчунин зикрк ард, ки он замон мақомоти прокуратура Аҳмедовро ба ҳабс гирифтанӣ будаанд, вале вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ин кор иҷозат надодаанд, зеро ӯ вакили Шӯрои маҷлиси ноҳиявӣ буд. «Пас аз дахолати раиси вилояти Суғд Аҳмедов ба ҳабс гирифта шуд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.