Нигаронии созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз қазияи «Азия-Плюс»

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар робита ба қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳороти расмӣ интишор намуданд. Дар изҳороти Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» зикр мегардад, ки қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ […]



Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар робита ба қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳороти расмӣ интишор намуданд.

Дар изҳороти Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» зикр мегардад, ки қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ дар нисбати муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») –и Ольга Тутубалина («Азия-плюс», №40, аз 30.05.2013), бо даъвои панҷ иттиҳодияи илмию эҷодӣ бо ҳамроҳии 3 намояндаи зиёиёни кишвар – Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ки муаллифи матлаби мазкурро ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ва чопи раддия дар нашрия вазифадор менамояд, мо, намояндагони ҷомеаи журналистиро нигарон месозад.

«Мо бар онем, ки тавассути суди одилона баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои рӯйзада миёни васоити ахбори омма ва ниҳодҳову шаҳрвандон дар ҳар кишвар аз арзишҳои воло ва тақозои низоми демократӣ аст, вале ҳамзамон тарзи бархӯрд ва муносибати судҳо, ба хусус судҳои марҳалаи аввал, ба ин масъала низ ҷавобгӯ ба муқаррароти қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат бигиранд», – баён мегардад дар изҳорот.

Изҳори таассуф карда мешавад, ки мурофиаи судии қазияи муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» ва иттиҳодияҳо ва намояндагони қишри зиёии кишвар бо халалдор шудани меъёру муқаррароти қонунҳои мурофиавӣ, яктарафа, бе назардошти ҳолатҳои воқеӣ ҷараён гирифта, қарори суди марҳалаи аввал принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд.

«Илова бар ин, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон матлаби мазкурро баррасӣ намуда, дар он халалдор шудани «Меъёрҳои ахлоқии касбии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро дарнаёфта буд», – омадааст дар идома.

Гуфта мешавад, ҳолати мавҷудияти кафолати конститутсионии озодии баён дар Тоҷикистон ва эътироф шудани санадҳои байналмилалии танзимгари озодии сухан аз ҷониби давлати Тоҷикистон, таъин намудани чунин муҷозоти судӣ дар нисбати рӯзноманигоре, ки тавассути матбуот ақидаи хешро вобаста ба зуҳуроте дар ҷомеа баён доштааст, мояи нигаронӣ набуда наметавонад.

«Боис ба таъкид аст, ки чунин муносибати мақомоти судӣ дар нисбати қазияҳои вобаста ба фаъолияти журналистон бори аввал набуда, тамоили анъанавӣ касб намуда истодааст», – қайд мешавад дар изҳорот.

Зимнан зикр мегардад, ки қарори суди марҳалаи аввал дар нисбати рӯзноманигор Ольга Тутубалина – муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён», намунаи тозаи чунин муносибати ноодилонаи мақоми судӣ буда, як навъ фишороварӣ ба фаъолияти озоди журналист, таҳдиде ба озодии баён дар ҷомеаи демократияхоҳи мо мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.