Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба дафтари кории Ҳизби сотсаил-демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳудуди 10 нафар мардони номаълум ворид шуда, мақомоти раҳбарӣ ва фаъолони ҳизбро ба кӯшиши муташанниҷ сохтани вазъ дар ҷумҳурӣ айбдор карданд.
Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки он замон дар дафтари кории ҳизб ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров низ ҳузур доштаанд.
«Ҷамъомадагон ҷашни зодрӯзи яке аз фаъолони ҳизбро таҷлил карданӣ буданд, вале воридшудагон ба доду фарёд оғоз намуда, зикр карданд, ки мо хостори такрори рӯйдодҳои соли 1992 мебошем ва моро бо он айбдор краданд, ки Тоҷикистонро ба Украина табдил доданием», – гуфт Ҳакимов.
Дар идома ӯ зикр кард, ки пас аз 10-15 дақиқа ба дафтари кории ҳизб бидуни даъват кормандони милиса ҳозир шуда, мардони воридшуда ва фаъолони ҳизбро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба шуъба бурданӣ буданд.
«Мо ба онҳо фаҳмонидем, ки фаъолони ҳизб ба ҳеҷ қонуншикание даст назадаанд. Кормандони милиса мардони ба дафтари корӣ воридшударо бо худ бурданд, вале баъдтар мо огаҳӣ ёфтем, ки онҳо базудӣ раҳо карда шудаанд. Дар ин робита имрӯз раиси ҲСДТ ба сардори ШВКД Синои шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат карданист», – афзуд муовини раиси ҲСДТ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми феврал раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров аз болои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Прокуратури генералии ЧТ
шикоят бурд.
Дар аризаи худ пешвои ҲСДТ ВКД-ро ба риоя накардани меъёр ва талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» айбдор мекунад.
Қобили зикр аст, ки ба баргузории вохӯриҳои раиси ҲСДТ бо рӯзноманигорон дар рӯзҳои 10-уми декабри соли гузашта ва 12-уми январи соли равон низ монеъаҳо эҷод гардиданд. Он замон як гурӯҳи занон ба толори вохӯрӣ ворид шуда, Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги навбатии шахрвандӣ дар Тоҷикистон муттаҳам намуданд.
Видео: Би-Би-СИ
https://www.youtube.com/watch?v=aLaziK5qcuU








