Сафорати Ҷопон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаҳои идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Идоракунии сарҳад дар қисми шимолии Афғонистон (BOMNAF), ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби БРСММ амалӣ мегардад, конференсияи дурӯзае оид ба роҳҳои беҳтар намудани идоракунии сарҳад ва ҳамкории байнимарзӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Афғонистон доир хоҳанд намуд.
Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки конференсия дар доираи созишномаҳои дар нишастҳои байни ИА ва Ҷопон тасвибгардида, баргузор шуда истодааст. Нишастҳои ҷонибҳо санаи 28-уми апрели соли 2010 дар шаҳри Токио ва санаи 28-уми майи соли 2011 дар шаҳри Брюссел мутаносибан баргузор гардида, дар он Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолияти якҷояи шарикӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри мусоидат ба ояндаи осоишта, босубот ва дурахшони мардуми Афғонистон бори дигар тасдиқ намуданд.
Ҳадаф аз конференсияи мазкур рушди нерӯи устувори сохторҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани идоракунии сарҳад ва дарёфт намудани роҳҳои давоми ҳамкориҳои байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад. Дар чорабинӣ ба масоили муайянкунии соҳаҳои омӯзиш, мувофиқа намудани амалиётҳои байнисарҳадӣ, таҳкими амалиётҳо оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, беҳтар намудани шаффофият ва ҳисоботнокӣ, беҳбуди хизматрасониҳои байнисарҳадӣ ва мусоидат ба савдо эътибори хоса дода мешавад.
Конференсия санаҳои 4-5-уми марти соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенси баргузор гардида, кори он аз соати 9:00 оғоз мегардад. Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Полиси сарҳадӣ ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Афғонистон ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷопон, Иттиҳоди Аврупо, корпусҳои дипломатии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ва ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масоили идоракунии сарҳад сарукор доранд, иштирок хоҳанд кард.
Нишасти матбуотие рӯзи сешанбе, санаи 4-уми марти соли 2014 соати 10:00 дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсӣ доир мегардад.
Иттиҳоди Аврупо, ки аз 28 кишварҳои аъзо иборат аст, ташкилоти кӯмакрасони бузургтарин дар ҷаҳон аст. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ қисмати бештари кӯмакҳои дуҷониба (66 млн ЕВРО дар солҳои 2007-2010 ва 62 млн ЕВРО дар солҳои 2011-2013) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии барномаҳои сохторӣ, ҳамчун кӯмаки техникӣ ва грант ҷудо карда мешавад. Дар доираи кӯмак диққати асосӣ ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ва сохтори хусусӣ тавассути таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ҷалб карда мешавад. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин кӯмаки минтақавӣ ва соҳавӣ дар соҳаҳои ба монанди идоракунии сарҳад ва назорати маводи нашъаовар (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), таъминоти об/муҳити зист, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (Дастгоҳи Аврупо оид ба рушди демократия ва ҳуқуқи инсон, EIDHR), рушди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (NSA) ва соҳибкории хурду миёна (CA-Invest) расонида мешавад. ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб фаъол буда, ҳар сол барои рушд ба маблағи тақрибан 25млн ЕВРО кӯмак мерасонад.







