Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба «облава»-ҳо хотима бахшиданист

ASIA-Plus



Чанде қабл муовини нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси Комиссияи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласа васеи комиссияи мазкурро баргузор кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, сарпрокурори ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани маъракаи даъвати баҳорӣ ба химазти ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

«Муовини нахуствазир М.Ҷабборӣ изҳор кард, ки бо супориши президенти Тоҷикистон минбаъд ба методҳо ва тарзи ғайриқонунии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хотима бахшида шуда, дар ин самт корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда мешаванд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласа оид ба ҷараёни даъват ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2013 сардори Раёсати ташкилӣ-сафарбарии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров ҳисобот додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аввали моҳи апрел оғоз гардида, то ахири моҳи май идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...