Қитъаҳои замин ба 22 нафар журналисти Суғд

ASIA-Plus



Санаи 6-уми март шаҳрдори Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба 22 нафар журналистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла Дадохони Эгамзод – сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиб Каримов (Озарахш) – мухбири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъматҷон Дадобоев (Оташ) – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Маъсум Имомов – мухбири радиои «Озодӣ», Мухтор Абдуллоев – мухбири рӯзномаи «Садои мардум», Аъзам Мақсудов– сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ» ва дигарон дода хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ваъда дода буд, ки барои ҳавасманд намудан ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, маросими қуръапартоӣ барои гирифтани замин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзи душанбеи 10-уми март сурат мегирад ва дар назар аст, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намояд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...