Шабдолов: Баргузории раъйпурсӣ оид ба барҳам додани вилоятҳо норавост

– Пешниҳоди вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Суҳроб Шарипов дар бораи баргузории раъйпурсӣ оид ба барҳам додани вилоятҳои кишвар бемулоҳиза аст, – изҳор дошт раиси ҲКТ ва вакили МНМО ҶТ Шодӣ Шабдолов. «Амалисозии ин пешниҳод норавост, зеро мо аллакай як маротиба онро паси сар намуда, оқибатҳои ногувори онро барои худ эҳсос кардем», – иброз дошт […]

Аваз Юлдошев



– Пешниҳоди вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Суҳроб Шарипов дар бораи баргузории раъйпурсӣ оид ба барҳам додани вилоятҳои кишвар бемулоҳиза аст, – изҳор дошт раиси ҲКТ ва вакили МНМО ҶТ Шодӣ Шабдолов.

«Амалисозии ин пешниҳод норавост, зеро мо аллакай як маротиба онро паси сар намуда, оқибатҳои ногувори онро барои худ эҳсос кардем», – иброз дошт Шабдолов.

Ба гуфтаи ӯ, дар оғози ба истиқлолият расидани Тоҷикистон низ чунин кӯшишҳо сурат гирифта, дар натиҷа дар минтақаи шимоли кишвар рӯҳияи хориҷ шудан аз ҳайати Тоҷикистон ба вуҷуд омада, дар ВМКБ нерӯҳое пайдо шуданд, ки мухторияти бештар, қабл аз ҳама сиёсиро талаб мекарданд.

«Дар замони ҳукмронии Никита Хрушеви чаласавод ба Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ бисёр вилоятҳои кишварро барҳам дод, дар Тоҷикистон ба ҷуз ВМКБ дигар вилояте боқӣ намонд, аксари ноҳияҳо барҳам ё муттаҳид карда шуданд. Масалан, аксари ноҳияҳои ВМКБ бо ноҳияи Ванҷ муттаҳид карда шуда, дар натиҷа барои ҳалли як мушкилоти ночизе лозим меомад, ки шаҳрвандон беш аз 400 километр роҳ ба маркази ноҳияро тай кунанд», – зикр кард вакили парлумон.

Ба қавли раиси ҲКТ, имрӯз марказҳои маъмурии вилоятҳои Тоҷикистон вазифаҳои маъмурӣ ва иқтисодиро ба иҷро расонида, амалисозии онро ҳамоҳанг месозанд, вале барҳам додани онҳо ба мушкилоти ҷиддӣ барои ҳукумат ва аҳолӣ то ҳадди эътирозҳои оммавӣ ва фоҷеаҳо боис мегардад.

«Шарипов уҳдадор аст ва бояд бидонад, ки қаламрави Тоҷикистон тариқи ағбаҳои кӯҳӣ ба қисматҳо ҷудо гардида, дарки аз ҷониби ҳукумати марказии Душанбе ҳамарӯза пурсамар ҳаллу фасл шудани мушкилоти ноҳияи Мурғоб аз ақл берун аст», – изҳор намуд раиси ҲКТ.

Дар робита ба ВМКБ Шабдолов зикр кард, ки ин минтақаи Тоҷикистон ҳанӯз замони салтанати шоҳигарии Русия вилояти мухтори фарҳангӣ эълон гардида буд, зеро дар он намояндагони ҳафт забон ба сар мебаранд.

«Ғайр аз ин, ҳам он замон ва ҳам дар даврони шӯравӣ ҳукуматдорон дар қаламрави ҳамсоя низ мавҷуд будани Бадахшонро ба инобат мегирифтанд, ки дар онҷо ҳам ҳамин гуна халқияту мардум иқомат доштанд ва шумори онҳо аз шумори аҳолии Бадахшони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёдтар буд», – мегӯяд Шабдолов.

Дар идома ӯ қайд кард, ки барои таъмини рушди кишвар баргузор намудани ин гуна раъйпурсиҳои бемулоҳиза ва шубҳанок лозим набуда, тағийри воқеии сиёсати рушди иқтисоди Тоҷикистон зарур аст.

«Дар кишвар чунин шароитеро фароҳам овардан зарур аст, ки дар иқтисод на олигарҳои замони нав, ки ба пайдоиш ва шукуфоии фасод мусоидат намуданд, балки бахши давлатӣ нақши ҳалкунанда дошта бошад», – афзуд Шабдолов.

Вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов

бар ин назар аст

, ки Тоҷикистон бояд дар бахши идоракунӣ ислоҳот ҷорӣ созад, ки дар натиҷа дар кишвар бояд танҳо марказ ва ноҳияҳо боқӣ монанд.

«Албатта, мақом ва нақши ноҳияҳо баланд бардошта мешавад. Тамоми ин низом аз замони шӯравӣ ба мо мерос монда, ҳадаф аз он ҷудо кардани як минтақа аз минтақаи дигар аст. Ба фикрам, дар Тоҷикистон мебояд раъйпурсӣ гузаронида, низоми идоракуниро иваз кард», – гуфт Шарипов ба журналистон.  

Аммо ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов

чунин мешуморад

, ки алҳол «ҳама гуна андешаҳо»-и марбут ба такмили конститутсияро ба муҳлатҳои дертар гузоштан мувофиқи мақсад аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.