Қитъаҳои замин ба 22 нафар журналисти Суғд

Санаи 6-уми март шаҳрдори Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба 22 нафар журналистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла Дадохони Эгамзод – сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиб Каримов (Озарахш) – мухбири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъматҷон Дадобоев (Оташ) […]

ASIA-Plus



Санаи 6-уми март шаҳрдори Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба 22 нафар журналистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла Дадохони Эгамзод – сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиб Каримов (Озарахш) – мухбири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъматҷон Дадобоев (Оташ) – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Маъсум Имомов – мухбири радиои «Озодӣ», Мухтор Абдуллоев – мухбири рӯзномаи «Садои мардум», Аъзам Мақсудов– сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ» ва дигарон дода хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ваъда дода буд, ки барои ҳавасманд намудан ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, маросими қуръапартоӣ барои гирифтани замин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзи душанбеи 10-уми март сурат мегирад ва дар назар аст, ки дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.