Гумонбарии адвокати Зайд Саидов ба гирифтани қарзи бонкӣ бо роҳи қаллобӣ

Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд, ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як […]

Аваз Юлдошев



Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуда буд, ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ф.Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз як бонки ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд. «Ба сифати кафолат барои дастрас кардани қарз онҳо ба номи фирмаҳои вуҷуднадошта ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз қарзи дастрасшуда то имрӯз ба бонк нисфи маблағи гирифташуда баргардонида шудааст. «Адвокат ва ҳаммаслаки ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста шуда, ахири ҳафтаи гузашта ба ҳабси Зокиров ва ҳаммаслаки ӯ аз суд иҷозат гирифта шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.