«Тоҷиктрансгаз» ва CNPC корхонаи муштарак таъсис медиҳанд



Миёни ширкати фаръии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPS) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он таъсиси корхонаи муштарак пешбинӣ мешавад. Созишнома рӯзи 4-уми март дар Душанбе ба имзо расид.

Бино ба

иттилои CNPS

, корхонаи нав ба идоракунии шохаи чорум (шохаи D)-и лӯлаи интиқоли гази Осиёи Марказӣ – Чин машғул хоҳад шуд.

Зикр мегардад, ки бо мақсади бунёди хати D моҳи сентябри соли гузашта ҳукумати Чин бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизисион созишномаҳои байниҳукуматӣ ба тасвиб расонид.

Дар маълумоти CNPS таъкид мегардад, ки таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи мазкур аллакай ба анҷом расидааст. Оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии шохаи D соли 2014 дар назар аст.

Корҳои лоиҳакашии шохаи D пас аз имзои қарордод миёни Туркманистону Чин дар моҳи ноябри соли 2011 оид ба интиқоли ҳамасолаи 25 млрд. метри мукааб гази Туркманистон барои эҳтиёҷоти иқтисоди Чин оғоз гардид. То соли 2020 Чин ният дорад, ки аз Осиёи Марказӣ ҳамасола то 80 млрд. метри мукааб газ харидорӣ кунад.

spot_imgspot_img

Популярное