Намоишгоҳи байнулмилалии «Индустрияи сохтмон» дар Душанбе

Рӯзҳои 10-12-уми апрели соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Индустрияи сохтмон» намоишгоҳи байнулмилалӣ барпо мекунад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, намоишгоҳ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе доир гардида, дар он гӯшаҳои «Сохтмон – масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот», «Технологияҳо – таҷҳизот барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон», […]

Аваз Юлдошев



Рӯзҳои 10-12-уми апрели соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Индустрияи сохтмон» намоишгоҳи байнулмилалӣ барпо мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, намоишгоҳ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе доир гардида, дар он гӯшаҳои «Сохтмон – масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот», «Технологияҳо – таҷҳизот барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон», «Асбобу лавозимот – электрика, маводи рӯйпӯш ва технологияҳо, лоиҳакашии ландшафтӣ, сохтмони бӯстонсароҳо» ва ғайра пешкаш хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар намоишгоҳ ҳамчунин техникаи сохтмон ва роҳсозӣ, кулолгарӣ, таҷҳизоту технология барои саноати кулолгарӣ, коркарди санг, ҳавософкунӣ, обтаъминкунӣ, сантехника, обу корез, қубурҳо, ҳаммом, сауна, ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра низ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.