Дар Суғд ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия оғоз гардид

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ҷаласаи даҳуми муштараки ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ кард. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои тафтишотии вазоратҳо дар бобати ошкор сохтан ва баргузории тафтиши ҷиноёти марбут ба гурӯҳҳои байнулмилалии ҷинояткор […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ҷаласаи даҳуми муштараки


ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ кард.




Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои тафтишотии вазоратҳо дар бобати ошкор сохтан ва баргузории тафтиши ҷиноёти марбут ба гурӯҳҳои байнулмилалии ҷинояткор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Ба иттилои сарчашма, роҳбарони вазоратҳо масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муҳокима хоҳанд кард. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазирони умури дохилии кишварҳо Маҳмадназар Солеҳов ва Рашид Нургалиев як қатор аснод оид ба ҳамкориҳоро ба имзо хоҳанд расонд. Дар ҷаласа имзои ду созишномаи байниидоравӣ оид ба масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва ҷустуҷӯву ошкор кардани ҷинояткорони дар таҳти пайгарди ин кишварҳо қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда дар назар аст.



Ба ҳайати Русия ба ҷуз вазир ҳамчунин муовини ӯ Аркадий Еделев, котиб ва мушовир Николай Овчинников, директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромадановский, сардори кумитаи тафтишотии назди Вазорати умури дохилии Русия Алексей Аничин, муовини аввали сардори Департаменти мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм Юрий Коков ва дигарон шомил мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.