Маблағгузории Австрия ба фермерони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва ҳукумати Австрия барои рушди фаъолияти хоҷагиҳои фермерии се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории IFC дар Душанбе хабар доданд, кӯмак ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ин кишварҳо дар самти таъмини дастрасӣ ба маблағгузории бонкӣ […]

ASIA-Plus



Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва ҳукумати Австрия барои рушди фаъолияти хоҷагиҳои фермерии се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари кории IFC дар Душанбе хабар доданд, кӯмак ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ин кишварҳо дар самти таъмини дастрасӣ ба маблағгузории бонкӣ ва дарёфти бозорҳои нав расонида шуда, баҳри рушд ва роҳандозии истеҳсолоти устувор шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин самт IFC бештар ба афзоиши ҳосилнокии зардолу, пахта ва маҳсулоти ширӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

«Дар иқтисоди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бахши кишоварзӣ нақши калидӣ дошта, беш аз 60%-и аҳолӣ дар ин соҳа машғули коранд», – зикр кардааст менеҷери барномаи рушди зербинои молиявӣ ва маблағгузорӣ ба бахши аграрӣ дар Осиёи Марказӣ Май Нгуен.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нави машваратии IFC аз ҷониби Вазорати молияи Австрия маблағгузорӣ шуда, ба таҷрибаи пешинаи IFC дар самти беҳбуди муҳити соҳибкорӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва тақвияти имконоти фермерон дар корхонаҳои кишоварзии минтақа асос ёфтааст.

IFC ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ шомил буда, яке аз сармоягузорони бузург дар бахши кишоварзии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Соли 2013 IFC дар тамоми минтақа ба 15 лоиҳа дар ҳаҷми 442 млн. $ маблағгузорӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.