Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо ба имзо расиданд

Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо 30 ширкати чиноӣ ба имзо расиданд. Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чину Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе аз 29-уми июл то 1-уми август баргузор гашт. Муовини […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар намоишгоҳи миллии Чин дар Душанбе ба маблағи 189 миллион доллари амрикоӣ шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо 30 ширкати чиноӣ ба имзо расиданд. Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чину Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе аз 29-уми июл то 1-уми август баргузор гашт. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки намоишгоҳ барои соҳибкорони тоҷик самараи хуб оварда, ҷиҳати густариши минбаъдаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо Чин заминаи боэътимод фароҳам сохт.




Ёдрас мекунем, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин, аз қабили ширкатҳои маъруфи «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), «


ZTE


» (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.



Ба гуфтаи О.Сангов, ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки  зимни боздид аз Чин баргузории онро пешниҳод карда буд, сурат гирифт. Намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Гунт Шуан Си изҳор дошт, ки соли гузашта муомилоти мол миёни кишварҳо ба 520 млн. доллар расидааст ва «мо боварӣ дорем, ки соли равон он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.