Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҷумҳурӣ оид ба ғайриқонунӣ эътироф кардани шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «Тоҷиказот», ки 75%-и саҳмияҳояш ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ доранд, ба суди иқтисодии вилояти Хатлон даъво пеш овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и Тоҷикистону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва давлат, ки саҳмаш дар он ба 25% баробар аст, ғайриқонунӣ мебошад.
«Шартномаи мазкур соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов, ки ахири соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, раҳбарияти «Тоҷиказот» низ ба истифодаи ғайриқонунии воситаҳо ва фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад.
«Дар сурати ғайриқонунӣ эътироф шудани таъсис ва хусусигардонии КМ «Тоҷиказот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – зикр карда манбаъ ва таъкид дошт, ки санҷиши фаъолияти корхона идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми мрат дар Австрия
дастгир шуд.
Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.
Баъдан суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ бо гарави 125 млн. евро маблағ
озод карда шавад
. Дмитрий Фирташ ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷиказот» низ соҳиб аст.



