Тафтиши дубораи парвандаи писари Амонулло Ҳукуматулло

Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванда нисбати Расули Амонулло, писари собиқ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд, барои тафтиши дубора ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод. «Парвандаи ҷиноӣ ба ВКД бо […]

Аваз Юлдошев



Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванда нисбати Расули Амонулло, писари собиқ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд, барои тафтиши дубора ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод.

«Парвандаи ҷиноӣ ба ВКД бо тавзеҳи «тафтиши нопурра» баргардонида шудааст», – гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигар худдорӣ варзид.

Қобили зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи феврал як манбаъ аз ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Вазорати корҳои дохилӣ тафтиши ин парвандаро ба итмом расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.

Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.