Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки санаи 3-юми апрел дар шаҳри Маскав доир мегардад, Тоҷикистонро муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров намоянлдагӣ мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Абулфайз Атоев хабар дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров доир гардида, дар он оид ба вазъ дар минтақаи масъули СААД ва дигар манотиқи наздик дабири кулли СААД Николай Борджюжа маърӯза хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои такмили ҳамоҳангсозии фаъолият дар доираи СААД ва рушди ҳамкориҳо дар бахши иттилоот, робита бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон низ баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни кори ҷаласа оид ба вазъ Афғонистон дар робита ба интихоботи президентӣ дар ин кишвар изҳорот қабул шуда, Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон доир ба масъалаҳои сиёсат, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуюми соли 2014 – нимсолаи аввали соли 2015 ба имзо мерасад.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.



