Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро боз мекунад

Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, боз мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, имрӯз як гузаргоҳ дар самти Исфара боз шуда, ифтитоҳи ду гузаргоҳи дигар пагоҳ ваъда шудааст. «Боз ду гузаргоҳ дар самтҳои ВМКБ ва Роштқалъа […]

Аваз Юлдошев



Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, боз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, имрӯз як гузаргоҳ дар самти Исфара боз шуда, ифтитоҳи ду гузаргоҳи дигар пагоҳ ваъда шудааст. «Боз ду гузаргоҳ дар самтҳои ВМКБ ва Роштқалъа 30-юми март боз шуда буданд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ дар марзи давлатии ҳарду кишвар гузаргоҳҳои марзӣ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд. Аз он замон ҷонибҳо ба ҷараёни гуфтушунид оид ба ҳалли мушкилоти қитъаҳои баҳсноки марз суръат бахшиданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик марҳилаи навбатии гуфтушуниди намояндагони ҳарду кишвар оид ба масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.