Раҳмон Чинро ҳамсояи накӯ, дӯсти содиқ ва шарики боэътимод номид

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чан Вансюанро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Чин […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чан Вансюанро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи накӯ, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.

Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард”.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.