Қадре сабуктар шудани лимити истифодаи барқ

Лимити истифодаи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 21-22-юми март шадидтар шуда буд, айни замон қадре сабуктар гардид. Аз хадамоти танзими ШСХК «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки интиқоли барқ ба чанде аз манотиқ як соат ва дар манотиқи дигар камтар аз як соат афзуда шудааст. «Масалан, агар ҳафтаи гузашта интиқоли […]

Заррина Эргашева



Лимити истифодаи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 21-22-юми март шадидтар шуда буд, айни замон қадре сабуктар гардид.

Аз хадамоти танзими ШСХК «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки интиқоли барқ ба чанде аз манотиқ як соат ва дар манотиқи дигар камтар аз як соат афзуда шудааст.

«Масалан, агар ҳафтаи гузашта интиқоли барқ 2 соат рӯзонаву 2 соат шабона ва дар маҷмӯъ 4 соат дар як шабонарӯз сурат мегирифт, пас имрӯз он то 5-6 соат дар як рӯз зиёд шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Дар бораи кай комилан бекор шудани лимит дар ширкат маълумоти саҳеҳ дода натавонистанд, зеро тибқи маълумоти хадамоти танзим, сатҳи обанбори Норак дар нуқтаи ниҳоӣ қарор дошта, маҷрои оби дарёи Вахш то ҳанӯз паст аст.

«Шояд лимити истифодаи барқ давоми ҳафтаи аввали моҳи апрел бекор гардад, вале ҳамаааш ба вазъи обуҳаво ва маҷрои оби дарё вобаста аст», – шарҳ доданд дар ширкат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.