Маҳаллаҳои аз офат осебдидаи Хатлон имрӯз бо барқ таъмин мешаванд

Шоми имрӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои аз офати табииӣ осебдидаи Шӯрообод ва Восеъи вилояти Хатлон шабонарӯзӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Директори корхонаи шабакаҳори барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 13-уми апрел бар асари боришоти шадид дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳияҳо, ки ба […]

Турко Дикаев



Шоми имрӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои аз офати табииӣ осебдидаи Шӯрообод ва Восеъи вилояти Хатлон шабонарӯзӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Директори корхонаи шабакаҳори барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 13-уми апрел бар асари боришоти шадид дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳияҳо, ки ба фаромадани ярч боис гардиданд, дар маҷмӯъ ҳудуди 70 симчӯбҳои хатти интиқоли барқ хароб гардида, то 30 ҳазор нафар аз барқ маҳрум шуданд.

Ба қавли ӯ, гурӯҳи таъмиргарон дар маҳалҳо ва кормандони шабакаҳои барқ муваққатан тавонистаанд, ки  фавран дар 80%-и минтақаҳои осебдида интиқоли барқро таъмин созанд.

«Мувофиқи фармони роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Аслиддин Гулмурод Назирзода имрӯз воридоти кӯмаки техникӣ ба минтақа низ оғоз гардид»», – иброз дошт номбурда.

Исмоилов ҳамчунин зикр кард, ки то шоми имрӯз ивази симчӯбҳои барқӣ ба пояҳои  оҳану бетонӣ ва насби тамоми маҳаллаҳои аҳолинишин ба хатти интиқоли барқ ба итмом мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.