Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Душанбе вохӯрии 9-уми кории котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз мегардад; – Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир мегардад. Баҳри иштирок дар ин фестивал намояндагони театрҳои лӯхтаки 10 кишвари ҷаҳон – Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон ва […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Душанбе вохӯрии 9-уми кории котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз мегардад;

– Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Фестивали IV-уми байнулмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир мегардад. Баҳри иштирок дар ин фестивал намояндагони театрҳои лӯхтаки 10 кишвари ҷаҳон – Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Оғоз соати 17-00;

– Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маҷлиси навбатии Шабакаи корхонаҳои шарик оид ба обтаъминкунии устувор ва санитария (ТоҷВСС) доир мегардад. Оғоз соати 13-00.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.8314

сомонӣ;


1

евро –

6.6325

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.134


4

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1997

– Дар Тоҷикистон шаҳрванди 6 миллионннафара ба дунё омад. Тифли навзодро волидайн Эмомалӣ ном гузоштанд.


2008

— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул кард.


1932

– Зодрӯзи президенти аввалини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов.


1932

– Мавлуди олим ва арбоби давлатӣ, доктори улуми таърих, профессор Шукур Султонов.


1947

– Зодрӯзи нависанда Давлатшоҳи Тоҳирӣ.


1953

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Адолат Комилова.


1954

– Зодрӯзи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров.


1965

– Мавлуди олим Мӯъмин Шарифов.


1971

– Зодрӯзи оҳангсоз Парвина Соҳибова.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, дар баландии зиёда аз 2500 метр борону барф.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.