Раиси Маҷлиси намояндагони ҶТ 60-сола шуд



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ба синни 60-солагӣ расид.

Зуҳуров Шукурҷон 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ – заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

Дар вазифаҳои муҳандис – заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шӯъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, инструктор, мудири шӯъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд.

Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 – 2000).

Хизматҳои шоёни Зуҳуров Шукурҷон бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», медал ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Зуҳуров Шукурҷон 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон низ мебошад. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Ҳамчунин имрӯз узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов низ 72-солагиашро ҷашн мегирад.

Қаҳҳор Маҳкамов 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Ленинобод (феълан Хуҷанд) ба дунё омадааст. Ходими сиёсӣ ва давлатии тоҷик ва даврони советӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон (1982—1986), Котиби Якуми Шӯрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии ҶСС Тоҷикистон (1985—1991), Раиси Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон (1990), аввалин президенти Тоҷикистон (1990—1991). Аз соли 2000 узви доимии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Шукурҷон Зуҳуров ва Қаҳҳор Маҳкмов имрӯзҳо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва СААД дар ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор доранд.

spot_imgspot_img

Популярное