Музди меҳнати миёна дар моҳи феврал 170 $-ро ташкил дод

Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти тағири индекси нархҳо) дар Тоҷикистон дар моҳи феврал ба андозаи 0,2% коҳиш ёфта, нисбат ба моҳи феврали соли гузашта 15,8% зиёд шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, музди меҳнати номиналии моҳонаи кормандони кироя дар моҳи феврал қариб 820 сомонӣ (170 $)-ро […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо моҳи январ сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти тағири индекси нархҳо) дар Тоҷикистон дар моҳи феврал ба андозаи 0,2% коҳиш ёфта, нисбат ба моҳи феврали соли гузашта 15,8% зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, музди меҳнати номиналии моҳонаи кормандони кироя дар моҳи феврал қариб 820 сомонӣ (170 $)-ро ташкил додааст. Музди меҳнати ҳадди ақал дар ҷумҳурӣ ба 250 сомонӣ (52 $) баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, музди меҳнати аз ҳама пасттарин дар бахши воқеии иқтисод дар моҳи феврал дар бахши кишоварзӣ, шикору хоҷагии ҷангал – 288 сомонӣ (60 $) ва аз ҳама баландтарин дар саноати истихроҷи кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 1 ҳазору 645 сомонӣ (342 $) ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ музди меҳнати миёнаи моҳона дар бахши воқеии иқтисод дар моҳи феврал 783 сомонӣ (163 $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи феврали соли гузашта ба миқдори 25% бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар соҳаи хизматгузорӣ музди меҳнати аз ҳама баландтарин дар бахши миёнаравии молиявӣ – 1 ҳазору 845 сомонӣ (384 $) ба қайд гирифта шудааст. Музди меҳнати миёнаи моҳона дар ин бахш 832 сомонӣ (173 $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.