Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои АБП ИДМ, ЕврАзЭС ва СААД



Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Санкт-Петербург идома дорад.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов имрӯз, 16 апрел, дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербург, дар қасри таърихии «Таврический», ки ҳоло қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар он ҷой гирифтааст, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  Убайдулло Давлатов, Амиркул Азимов, Олимчон Салимзода, раиси комиссияи Мачлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлатали Давлатзода, вакилон Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунавара Кенчаева ва Сухроб Шарипов дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ роҷеъ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиходи иктисодии Аврупо ва Осиё, ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба масоили дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар қатори дигар вакилони парламентҳои давлатҳои гуногун масъалаҳои номгӯи санадҳои намунавии қонунгузории намунавӣ ва наздик намудани қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2015, «Дар бораи истифодабарии қонуни намунави роҷеъ ба муқобилгузории маблағгузории терроризм», «Дар бораи  Стратегияи таъмини бехатарии фазои иттилоотии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Тавсияҳо барои кормандони  масъули соҳаи ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил роҷеъ ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир», қонунҳои намунавӣ «Дар бораи мақоми наҷотдиҳандагон» ва «Дар бораи ташкилотҳои ғайридавлати» – ро баррасӣ карданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов дар кори комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмона оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузори дар соҳаи бехатари ва муқобилгузории таҳдидҳо, сарҳадот, мудофиа ва амният иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд/

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни ин сафари кори аз ҷониби ҳам роҳбарияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва ҳам ҳайатҳои комиссияи тавсияшудаашон хуб пазиройӣ гардиданд. Узви Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов ва вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков, ки Раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарломунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ буд, дар ҷаласаҳои кории худ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъалаҳои ташкилӣ, Оид ба истифодабари дар қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона ва таъмини вазъи ҳайати шахси қувваҳои дастаҷаъмонаи зудамали оперативӣ, Таъмини хизматрасонии якҷоя дар шакли ҳарби-иқтисодии техники, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳоро ба таври фаъолона баррасӣ намуданд.

Исмоил Талбаков оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамкориҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмона масъалагузори намуд. Аз ҷумла мавсуф пешниҳод намуд, ки маблағҳои андозҳои иҷтимойии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аъзои (СААД) супорида мешаванд, дар вақти ба нафақа баромадани онҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар кори комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарломунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ вакили Маҷлиси намояндагон Давлатали Давлатзода  ширкат варзида, перомуни масъалаҳои авзои сиёсии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла  ҷамъбасти чорабиниҳо оиди ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус Тоҷикистон гузориши муфассал дод/

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода, ки ба бори аввал дар кори комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ иштирок мекард, дар ҷаласаи комиссияи мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов  дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Асамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ширкат варзида, оиди масъалаҳои рӯзнома ибрози назар намуд. Вакилони Маҷлиси намояндагон Суҳроб Шарипов, Саодат Амиршоева ва Мунавара Кенҷаева дар кори ҷаласаи якҷояи комиссияи доимии Ассамблеяи байнмпарлумонӣ Иттиҳоди иқтисодии Аврӯпо ва Осиё иштирок намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи рочеъ ба сиёсати савдо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, танзими гумрукӣ ва сиёсати сарҳадӣ ибрози назар намуданд.

Узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллозода, Абдулҳафиз Азизов низ дар кори комиссияҳои доимии Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо ва Осиё  фаъолона иштирок намуда оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисоди ибрози назар намуданд.  

Ин падидаҳои фараҳбахш ифшогари обрӯю эътибори ҷиддии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз дар доираи сафар Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ аз осорхонаи давлатии Петергоф-и шаҳри Санкт-Петербург дидан намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное