Оғози мурофиаи баррасии парвандаи КМ «Тоҷиказот» дар ҷануб

Рӯзи 28-уми апрел дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» оғоз мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди иқтисодии вилояти Хатлон хабар дод, ҷонибҳо аз санаи баргузории мурофиаи судӣ огоҳ карда шуда, ба унвони Шӯрои мудирони ширкат ба Маскав низ огоҳиномаи судӣ фиристода шудааст. Маълумоти мазкурро ҳамчунин […]

Сайраҳмон Назриев



Рӯзи 28-уми апрел дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди иқтисодии вилояти Хатлон хабар дод, ҷонибҳо аз санаи баргузории мурофиаи судӣ огоҳ карда шуда, ба унвони Шӯрои мудирони ширкат ба Маскав низ огоҳиномаи судӣ фиристода шудааст.

Маълумоти мазкурро ҳамчунин дар КМ «ТоҷикАзот» низ тасдиқ намуда, иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи таъини санаи баргузории мурофиаи судӣ огоҳинома гирифтаанд.

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қаблан нисбати молики саҳмияҳои назоратии КМ «ТоҷикАзот», соҳибкори украинӣ Дмитирий Фирташ оид ба харидории ғайриқонунии саҳмияҳо, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳо ва иштирок дар муомилоти ғайриқонунии фурӯши таҷҳизот даъво пеш овард. Агентӣ бар ин назар аст, ки муомилоти харидории 75%-и саҳмияҳо ғайриқонунӣ буда, аз ин рӯ, ин саҳмияҳо бояд ба давлат баргардонида шаванд.

Корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» моҳи декабри соли 2012 дар заминаи ҶСК «Азот» таъсис дода шуда, нуриҳои азотӣ истеҳсол мекунад.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи ҶТ, зимни таъсиси корхонаи муштарак Фирташ ба фонди оинномавӣ танҳо як қисмате аз маблағи заруриро пардохтааст. Баъдтар ин воситаҳо барои харидани саҳмияҳои ду корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон – ҶСП «Абрешим» дар Хуҷанд ва ҶСП «Гулистон» дар Душанбе масраф шуданд, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод Фирташро ба он муттаҳам медонад, ки ширкати ӯ дар фурӯши таҷҳизот барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ иштирок карда, аммо ҷониби Тоҷикистон, ки дорои 25%-и саҳмияҳои корхона аст, дар бораи фурӯш огаҳ карда нашуда, аз муомилоти анҷомёфта ҷуброн нагирифтааст.

Дмитрий Фирташ ба чоргонаи доротарин шахсони Украина шомил буда, 12-уми марти соли 2012 бо дархости Бюрои федералии тафтишот (ФБР) дар шаҳри Вена боздошт шуд.

Қобли зикр аст, ки то имрӯз Суди иқтисодии Душанбе аз 6 аризаи даъвогии Агентии зиддифасод 5-тоашро баррасӣ намуда, ҳамаи ба фоидаи даъвогар ҳаллу фасл шуданд. Инҳо иборатанд аз парвандаҳо оид ба ширкати «Тоҷикмармар», магазини сарулибоси «Модная точка», корхонаи нассоҷии ҶСП «Гулистон», бинои маркази равобити кории «Соҳибкорон», воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералии ш. Душанбе ва парвандаи ҶСК «Электроника-М».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.