Раҳмон: Ҳар чизе, ки бигӯянд, ман зиёиёнро ҳурмат мекунам

Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «вазифаи муҳими тарбияи насли нави тоҷикистониён дар рӯҳияи ватандӯстӣ»-ро ба зиммаи зиёиён вогузор намуд. «Шумо посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатед», – гуфт президент зимни муроҷиат ба зиёиён. «Шумо соҳибэҳтиромед ва бояд содиқона ба ватани худ хизмат кунед. Сарфи назар аз чигунагии андешаатон, […]

ASIA-Plus



Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «вазифаи муҳими тарбияи насли нави тоҷикистониён дар рӯҳияи ватандӯстӣ»-ро ба зиммаи зиёиён вогузор намуд.

«Шумо посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатед», – гуфт президент зимни муроҷиат ба зиёиён.

«Шумо соҳибэҳтиромед ва бояд содиқона ба ватани худ хизмат кунед. Сарфи назар аз чигунагии андешаатон, мо шуморо ҳурмат мекунем. Шумо шахсони эҷодкоред. Ҳар чизе, ки бигӯянд, ман шуморо ҳурмат мекунам», – афзуд Раҳмон.

Дар идома ссарвари давлат зикр кард, ки айни замон қариб 70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. «Мо бояд ба ҷавонон бовар кунем. Танқид кардан осон аст, аммо тарбия мушкил аст. Мо бояд дарк кунем, ки ояндаамон дар дасти ҷавонони имрӯза буда, онҳо (насли наврас) бояд ин масъулиятро эҳсос намоянд. Мо набояд ҳарос дошта бошем, ки ҷавонон ҷойҳои мову шуморо мегиранд», – таъкид дошт президент.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.