Дастури президент оид ба пешгирӣ аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ

Нимаи дуюми рӯзи 23-юми апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷамъомади васеи корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт. Иҷрои барномаҳои […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 23-юми апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади васеи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷамъомади васеи корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи вилояти Суғд доир ба ташкили марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, хусусан навсозии роҳҳои мошингард ва омодагӣ ба зимистони оянда аз масъалаҳои асосии ҷамъомад номида шуд.

Чунонки зикр гардид, дурнамои киштукори баҳорӣ то имрӯз дар вилояти Суғд ба андозаи 70% ва дар вилояти Хатлон 88% иҷро шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба кортошка дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар, ба афзун намудани майдони кишти ин зироат ва ҳосилнокии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳисоботдиҳии бардурӯғ ва изофанависӣ пешгирӣ карда шавад.

Доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Шӯрообод, Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва дигар минтақаҳои кишвар, ки аз он хисороти калон дидаанд ва ҳам доир ба захира намудани маводи барои чунин ҳолатҳо зарурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки то 10 май раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба навсозии роҳҳо, сохтмони мактабҳою беморхонаҳо, синфҳои иловагӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шир, гӯшт, пӯст ва пашм ва ҳамчунин бунёди боғҳо ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дастуру ҳидоятҳо доир ба омодагӣ ба 20-солагии Конститутсия ва Суруди миллӣ ва бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.