Медалҳои гӯштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомиршо Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 70 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомиршо Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 70 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар аз Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, вале дар даври ниҳоӣ аз Мустафо Ҳусайнхонӣ аз Эрон шикаст хӯрдааст. Ҳамин тариқ, ӯ мақоми дувумро касб карда, ба мекдали биринҷии мусобиқот сазовор гардид.

Ба иттилои манбаъ, паҳлавони маъруфи тоҷик Искандари Рустам дар вазни 97 кг медали биринҷӣ ба даст оварда, лекин шаш намояндаи дигари Тоҷикистон — Вайсиддин Ибодов, (57кг), Николай Ноев (61кг), Зелимхон Юсуфов (65кг),Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг) дар намуди гӯштии озод аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Қазоқистон беш аз 200 варзишгар дар намудҳои гӯштии озод, гӯштии фарангӣ ё юнониву румӣ ва гӯштии занона ширкат доранд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд.

Ҳашт нафари дигар дар намуди гӯштии юнониву румӣ рӯзҳои 26-27-уми апрел рақобат хоҳанд кард. Рӯзи шанбе мусобиқа дар вазнҳои 59, 71 ва 85 кг, рӯзи якшанбе дар панҷ вазни боқимонда – 66, 75, 80, 98 ва 130 – баргузор мешавад. 

Дар ҳисоби дастаӣ дар намуди гӯштии озод мунтахаби Эрон дар ҷойи аввал, дастаи Муғулистон дар ҷойи дувум ва тими мизбон – Қазоқистон – дар ҷойи севум қарор гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.