Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов рӯзҳои 5-6-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбангули Бердимуҳаммедов ба масоили амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, таъмини амният дар минтақа, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, коммуникатсияву кишоварзӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Турманистон ба Тоҷикистон як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо мерасанд.



