Ғончӣ: Таъмини дастрасии 130 оила ба оби нӯшокӣ



Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҳаллаи навбунёди Муҷуни ноҳияи Ғончӣ мушкилоти бештар аз 130 оила бо оби нӯшокӣ ҳал гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти раиси вилояти Суғд, бо кофтани чоҳи амудӣ ба ҷуз 130 хоҷагии маҳалла, мактаби таҳсилоти умумии рақами 4  ва майдони кишти  он бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин гаштанд.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин амал аз буҷети вилоятӣ беш аз 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ҳамзамон аз фонди Боварии СММ, дар асоси Барномаи рушди иқтисоди деҳот низ кӯмак расонида шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное