Лату кӯби муовини аввали раиси ҲНИТ дар Хоруғ

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт. Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта барои шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии паёми президент ба […]

Аваз Юлдошев



Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби шахсони номаълум мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт.

Саидумар Ҳусайнӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта барои шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии паёми президент ба парлумон ба шаҳри Хоруғ рафтааст.

«Ҳамла дар дафтари кории ҲНИТ дар ВМКБ сурат гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Шоҳнаим Каримӣ низ ҷароҳатҳои сабук бардошт», – гуфт Ҳусайнӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлагарон иборат аз 15-20 нафар фарёд мезаданд, ки «дар ВМКБ барои ҲНИТ ҷой нест».

Ҳусайнӣ изҳор мекунад, ки ҳамлагарон асосан кормандони сохторҳои давлатии ВМКБ буда, ӯро, ки вакили парлумон аст, дар ҳукумати ВМКБ ҳатто қабул накардаанд. Дирӯз Ҳусайнӣ сафараш ба ВМКБ-ро қатъ карда, ба Душанбе баргашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.