Хуҷанд: Ҳукми зиёди зиндон боз ба ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ»

Дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати боз ду узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» ба итмом расид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд сокинони 28-солаи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабови 29-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 250, қ. 2-и […]

Мавлуда Рафиева



Дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати боз ду узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» ба итмом расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд сокинони 28-солаи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабови 29-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 250, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯроварӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад) гунаҳкор дониста, Ф.Қурбоновро ба 11 ва Ф.Раҷабовро ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард.

Судшавандагон аввали соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шуда буданд.

Гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» дар байни сокинони маҳаллаи «Абрешимчӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он худро ҳамчун узви лашкарони ислом муаррифӣ менамуданд. Онҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ дар қафаси синаашон аксҳои моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ карда, ба ҷиноятҳои тамаъҷӯию авбошӣ ва суиқасд ба куштор машғул буданд.

Аъзои боқимондаи гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Набиҷон Собиров ва Зоҳирҷон Бобоев мохи ноябри соли гузашта аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 250-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Истифодаи зӯроварӣ бо мақсади фоида ба даст овардан бо маслиҳати пешакӣ) гунаҳкор дониста шуда, Бобоев ба 11 сол ва Халилову Собиров ҳар кадоме ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.