Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар вохӯрии нахусти Чемпионати Осиё

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014 рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Ҳошимин аз тими Кувайт бо ҳисоби 0-5 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиа миллии олимпии ҶТ, мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Ветнам то 10-уми май идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати гурӯҳии қаҳрамонии Осиё […]

ASIA-Plus



Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014 рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Ҳошимин аз тими Кувайт бо ҳисоби 0-5 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиа миллии олимпии ҶТ, мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Ветнам то 10-уми май идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати гурӯҳии қаҳрамонии Осиё имрӯз, 2-юми май бо тими мизбон – Ветнам ва дар даври сеюм рӯзи 4-уми май бо мунтахаби Ироқ бозӣ мекунад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 14 футболбоз дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.

Бояд тазаккур дод, дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ – мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.