Ҷияни президент сардори Раёсати андози Хатлон таъин шуд

Бо фармони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, Сироҷиддин Гулмуродов, ки тибқи баъзе маълумот ҷияни президенти ҶТ мебошад, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон таъин шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ хабар доданд, Гулмуродов дар ин вазифа Саидислом Амировро иваз намудааст, ки дар дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ба вазифаи муовини сардори Раёсати […]

ASIA-Plus



Бо фармони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, Сироҷиддин Гулмуродов, ки тибқи баъзе маълумот ҷияни президенти ҶТ мебошад, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон таъин шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи андози ҷумҳурӣ хабар доданд, Гулмуродов дар ин вазифа Саидислом Амировро иваз намудааст, ки дар дастгоҳи марказии Кумитаи андоз ба вазифаи муовини сардори Раёсати аудити дохилӣ таъин карда шудаст.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2014 вазифаи сардори Раёсати аудити дохилии Кумитаи андозро Ашраф Гулов – домоди президент ва писари собиқ вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба дӯш дорад. То ин таъинот Гулов дар мансаби сардори нозироти андозсупорандагони бузурги Кумитаи андоз кор мекард.

Дар Кумита зикр карданд, ки то ба ин мансаб таъин шудан Сироҷиддин Гулмуродов ба ҳайси муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон фаъолият намуда, ду сол қабл Раёсати андози ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлонро раҳбарӣ мекард.

Тибқи баъзе маълумот, Сироҷиддин Гулмуродов хеши наздик (ҷиян)-и президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.