Қатли зодаи Тоҷикистон дар Екатеринбург

Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Екатеринбург ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт карда шудааст. Бино ба хабари ОИ «Актуально» бо истинод ба сардори Раёсати иттилооти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, пас аз расидани хабари ҳодиса, кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардеро бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфтаанд. […]

ASIA-Plus



Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Екатеринбург ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дарёфт карда шудааст.

Бино ба хабари

ОИ «Актуально»

бо истинод ба сардори Раёсати иттилооти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, пас аз расидани хабари ҳодиса, кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардеро бо аломатҳои марги маҷбурии захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфтаанд.

Намояндаи мақомоти пулис ҳамчунин изҳор намудааст, ки кормандони пулису муфаттишон сокинони се бинои истиқоматии наздиктарин ба ҷойи ҳодисаро пурсуҷӯ доранд, то ки ягон шоҳиде пайдо кунанд.

«Шахсияти марди ҳалокшударо кормандони пулис муайян карданд. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, соли 1982 таваллуд шудааст. Хешону наздикони марҳум ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, шахсияти ӯро тасдиқ карданд», – гуфтааст номбурда.

Дар Раёсати мазкур аз шоҳидон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёти дорои сабти видеойӣ дархост карданд, ки ба тафтиши ин ҷиноят кумак кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.