Гуфтушунидҳои воридоти техникаи кишоварзии Беларус ба Тоҷикистон

Зимни вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва муовини нахуствазири Беларус Михаил Русий масъалаҳои марбут ба таҳвили техникаи кишоварзии корхонаи истеҳсоли трактори Минск (МТЗ) ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ин вохӯри дар пойтахти Беларус шаҳри Минск зимни ҷаласаи навбатии Комиссисяи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва муовини нахуствазири Беларус Михаил Русий масъалаҳои марбут ба таҳвили техникаи кишоварзии корхонаи истеҳсоли трактори Минск (МТЗ) ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ин вохӯри дар пойтахти Беларус шаҳри Минск зимни ҷаласаи навбатии Комиссисяи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбати самимии тарафайн масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо мавриди баррасӣ карор гирифта, масалаҳои вусати содироти тракторҳои МТЗ Беларус, ки дар Тоҷикистон талаботи зиёд дорад, тариқи осон намудани воридоти лизингӣ ба кишвари мо маслиҳат гардид.

Сипас ҳайати расмии Тоҷикистон аз таҷрибаи бои Агрокомбинати «Ждановичи»-и вилояти Минск аз наздик шинос шуда, технологияҳои замонавии Аврупоро оиди парвариши гул, сабзавот полезиҳоро дар шароити гармхонаҳои доимамалкунанда омӯхтанд.

Дар идомаи сафар ҳайати тоҷикистон аз заводи бузургтарини дунё МТЗ Беларус дидан намуданд. Зимни гуфтушуниди аъзоёни комиссия ва роҳбарони корхнаҳои саноатии Беларус, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, аз ҷумла МТЗ «Беларус», БЕЛАЗ, МоАЗ, заводҳои лифтистеҳсолкунӣ, кабел ва трансформартор ва дигарҳо масалаҳои рушди ҳамкориҳоро бо таҳлили амиқ ва назардошти манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.