Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Белорус

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Белорус дар Душанбе сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки ҳафтаи оянда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Белорус ташриф меорад. Ба гуфтаи ӯ, зимни гуфтушуниди дуҷониба сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратиро мавриди барррасӣ қарор хоҳанд […]

Заррина Эргашева



Зимни ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Белорус дар Душанбе сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук изҳор намуд, ки ҳафтаи оянда президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Белорус ташриф меорад.

Ба гуфтаи ӯ, зимни гуфтушуниди дуҷониба сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратиро мавриди барррасӣ қарор хоҳанд дод.

Дар ҷараёни ҳамоиш Гаврук зикр кард, ки ба роҳандозии ҳамкории судманд ҳарду ҷониби манфиатдоранд ва имконот дар ин самт ҳоло пурра истифода нашудааст. «Ба андешаи мо, маҳз бахши иқтисод бояд маҳаки рушди ҳамкории мо гардад», – иброз дошт сафир.

Бино ба маълумоти Гаврук, дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус 9,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 8,2 млн. $ воридоти маҳсулоти Белорус ба Тоҷикистон буда, 1 млн. $ содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.