Беш аз 11 ҳазор тонна афзудани воридоти гази моеъ

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 612 доллари ИМА барои 1 тонна 87 ҳазору 601 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 11,6 ҳазор тонна бештар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ин миқдор гази […]

Заррина Эргашева



Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 612 доллари ИМА барои 1 тонна 87 ҳазору 601 тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 11,6 ҳазор тонна бештар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ин миқдор гази моеъи воридшуда 69 ҳазору 607 тоннааш ба эҳтиёҷоти дохилӣ равона гардида, миқдори боқимонда тариқи транзит ба дигар кишварҳо, асосан ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захирахои оби ҷумҳурӣ, аз ҳаҷми умумии гази моеъи ба Тоҷикистон воридшуда 66,4 ҳазор тоннааш ба фурӯш рафта, 4,4 ҳазор тоннааш захираҳои нофурӯхта боқӣ мемонанд.

«Сарфи назар аз нисбатан арзон шудани бензин, бозори Тоҷикистон то ҳол ба ин навъи сӯзишворӣ ниёз дорад. То ҳанӯз ҳудуди 40%-и автомашинаҳо ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад, ки дар ҳаҷми умумии воридоти ин навъи сӯзишворӣ ҳиссаи Қазоқистон 79 ҳазору 22 тонна бо нархи 784 $ барои 1 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз Русия – 6 ҳазору 212 тонна (бо нархи миёнаи 784 $ барои 1 тонна), Туркманистон – 2 ҳазору 304 тонна (653 $ барои 1 тонна) ва Қирғизистон – 62 тонна гази моеъ ворид гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.