Дар зарфи 4 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 3,3% ё худ қариб 54,2 млн. доллари ИМА камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили беш аз 1 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 80 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 70 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар 4 моҳи соли 2014 ҳаҷми содироти мол ҳудуди 280 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 37% камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,3 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 9,1% зиёдтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 4 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ҳудуди 465 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – беш аз 275 млн. $, Чин – 172 млн. $ ва Туркия – ҳудуди 123 млн. $-ро ташкил дод.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. $ зиёдтар буд.



