ВКД баъе вазифаҳояшро ба дӯши Вазоратҳои тандурустиву маориф вогузор карданист

Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд. Дар он зикр мегардад, ки айни замон ба дӯши дигар мақомоти давлатӣ вогузор шудани баъзе вазифаҳои вазорат мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои нигоҳ доштани шахсони дар ҳолати мастӣ дар кӯчаву тангкӯча […]

ASIA-Plus



Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд. Дар он зикр мегардад, ки айни замон ба дӯши дигар мақомоти давлатӣ вогузор шудани баъзе вазифаҳои вазорат мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои нигоҳ доштани шахсони дар ҳолати мастӣ дар кӯчаву тангкӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дастгиршуда (ҳушёрхонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ) ба дӯши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Вазифаи боздошт ва ба муассисаҳои тандурустӣ овардани ашхоси номбурда ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон супорида мешавад. Гузаронидани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ба зиммаи милитсия боқӣ мемонад.

Дар Барномаи ислоҳоти милитсия қайд мешавад, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ таъсис додани Департаменти политсияи криминалӣ, Политсияи бехатарии ҷамъиятӣ ва Сарситоди Вазорат мувофиқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.