Бекор шудани манъи муваққатии воридоти маҳсулоти ширӣ аз Хуҷанд ба пойтахт

Гурӯҳи кории махсус дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсулоти ширӣ аз Хуҷандро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба хулоса расид, ки зимни истеҳсоли он ба ҳеҷ гуна қонунишикание роҳ дода нашудааст. Ҳамин тариқ, манъи муваққатии воридоти маҳсулоти ширӣ аз Хуҷанд ба пойтахт бекор шуд. Муовини вазири тандурустии ҶТ, сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи кории махсус дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳсулоти ширӣ аз Хуҷандро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба хулоса расид, ки зимни истеҳсоли он ба ҳеҷ гуна қонунишикание роҳ дода нашудааст. Ҳамин тариқ, манъи муваққатии воридоти маҳсулоти ширӣ аз Хуҷанд ба пойтахт бекор шуд.

Муовини вазири тандурустии ҶТ, сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайати гурӯҳи корӣ мутахассисони Нозироти давлатии санитариву эпидемиологӣ, «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти ҷумҳуриявии байторӣ шомил шуда буданд.

«Муддати якчанд рӯз гурӯҳи корӣ таҳқиқоти санитарӣ-бактериологӣ ва санитарӣ-кимиёвии маҳсулоти шири истеҳсоли шаҳри Хуҷандро доир намуд. Дирӯз натиҷаҳо ба дасти мо расида, ба хулоса расидем, ки зимни истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ҳеҷ гуна қонуншикание ошкор нашудааст», – гуфт Ҷаъфаров.

Сардухтури санитарии кишвар изҳор кард, ки ба наздикӣ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт маҳсулоти ширии ба сокинон писандомада боз ба фурӯш гузошта мешавад.

«Аммо мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи бехтарии маҳслуоти ғизойӣ», масъулияти ҳамлу нақл ва нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда ба дӯши истеҳсолкунанда ва дистирибютори он вогузор мегардад. Онҳо бояд аз болои кашонидан ва нигоҳдории маҳсулоташон назорат кунанд. Ба ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ чунин таъинот дода шуд», – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, риояи ин қоидаҳо ба ҳамаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширӣ дахл дорад. «Мо аз БДА дархост кардем, ки дар мубориза бо ҳамлу нақли ғайримеъёрии маҳсулоти ширӣ ба мо мусоидат намоянд. Маҳсулоти касоне, ки ин навъи маҳсулотро бо автомашинаи роҳгузар бидуни яхдон (рефрижератор) кашониданианд, мусодира ва нобуд карда мешавад», – мегӯяд Ҷаъфаров.

Қобили зикр аст, ки

аввали моҳи май

бо қарори сардухтури санитарии шаҳри Душанбе Абдулманнон Ҳабибов, воридот ва фурӯши маҳсулоти ширӣ аз вилояти Суғд дар пойтахт манъ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.