Таъсиси оператори мобилӣ дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик

ҶСК «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) дар бораи роҳандозии оператори нави виртуалии алоқаи мобилӣ Aiva Mobile дар реҷаи озмоишӣ хабар дод, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, аксаран аз Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои Газета.Ru, шарики МТТ ширкати МТС шудааст, ки барои лоиҳа зербинои дастрасии радиоии мобилиро пешниҳод намудааст. Кишвари аввалине, ки дар он Aiva […]

ASIA-Plus



ҶСК «Межрегиональный транзиттелеком» (МТТ) дар бораи роҳандозии оператори нави виртуалии алоқаи мобилӣ Aiva Mobile дар реҷаи озмоишӣ хабар дод, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, аксаран аз Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои Газета.Ru, шарики МТТ ширкати МТС шудааст, ки барои лоиҳа зербинои дастрасии радиоии мобилиро пешниҳод намудааст. Кишвари аввалине, ки дар он Aiva Mobile роҳандозӣ шуд, Тоҷикистон аст. Дар як SIM-корти Aiva Mobile муштарӣ дар як вақт бо ду рақами фаъол – тоҷикӣ ва русӣ таъмин мегардад. Аз ҳарду рақам метавон ба ҳар кадоме аз кишварҳо занг зад ё зангро қабул кард.

«Аудиторияи ҳадафноки Aiva Mobile ҷамоатҳои этникии кишварҳои пасошӯравӣ, дар навбати аввал кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки намояндагони онҳо дар Русия машғули коранд. Нахустин кишваре, ки оператори нав дар он бо мақсади тиҷорат мавриди истифода қарор мегирад, Тоҷикистон мебошад», – хабар медиҳад бо истинод ба хадамоти матбуотии ММТ портали иттилоотии «Россия для всех».

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, соли гузашта 800 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд. Аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар 90%-ашон дар Русия қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.