Дар Душанбе олимпиада аз фанни забони олмонӣ баргузор мешавад

Рӯзи 17-уми май дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои пойтахт аз фанни забони олмонӣ олимпиада баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, олимпиада аз ҷониби маъмурияти мактаби №89 бо дастгирии сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. «Айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе дар 61 синф забони олмонӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 17-уми май дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои пойтахт аз фанни забони олмонӣ олимпиада баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, олимпиада аз ҷониби маъмурияти мактаби №89 бо дастгирии сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

«Айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе дар 61 синф забони олмонӣ меомӯзанд. Шумори умумии толибилмоне, ки ба омӯзиши ин забон машғуланд, 1 ҳазору 776 нафарро ташкил дода, 832 нафарашон духтаронанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз синфи 3 оғоз мегардад», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аллакай тобистони ҳамин сол ғолибони олимпиада дар олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба забони олмонӣ иштирок мекунанд. Олимпиадаи миллӣ оид ба аз ҳама беҳтар азхуд кардани забони олмонӣ аз ҷониби сафоратхонаи Олмон дар Душанбе, Институти Гёте дар Тошканд, Идораи марказӣ оид ба маълумоти мактабӣ дар хориҷа (ZFA), Хадамоти Олмон оид ба табодули академӣ (DAAD) бо мусоидати Маркази забонҳо оид ба омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе барпо карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.